Главное - здоровье!
Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ кулли сайёраро фарогир шудаву имруз кшваре нест, ки қисме аз шаҳрвандонаш берун аз хоки ватани худ кору зиндагиро интихоб накарда бошанд. Ба шаҳри Маскав, яке аз мегаполисҳои бузурги ҷаҳон, дар қатори халқу миллатҳои гуногун намояндагони миллати мо низ муҳоҷират мекунанд ва онро чун ҷои зист ва кор интихоб менамоянд, зеро ба маҳсули меҳнати дастонашон дар ин ҷо эҳтиёҷе ҳаст.
Мутаассифона, шароити зисту маишати муҳоҷирон на ҳамеша мувофиқ ба эҳтиёҷу ҷавобгуй ба талаботи нигаҳдории тандурустӣ мебошад. Сабабҳои мазкур ва хумори Ватану наздикон гоҳо боиси касалшавии муҳоҷирон мегарданд ва онҳо ба дастгирии тиббӣ ва равонӣ мӯҳтоҷ мегарданд.
Маркази тиббии мо, МАЯК, барои ёрмандӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тамоми гӯшаву канорҳои Осиёи Миёна, дар он ҷумла Тоҷикистон, ташкил карда шудааст. Кормандони мо, духтурони соҳаҳои гуногун, ҳамеша тайёранд ёрии зарурии тиббиро бо сифати баланду нархи дастрас ба шумоён расонанд.
Мо ҳамарӯза ва беистироҳат аз соати 10:00 то 18:00 кор мекунем.
Марказ дорои 40 кат буда, ёрии шифохонавӣ ҳам расонида метавонад.